ФОРУМИ САРМОЯГУЗОРОН ДАР ПОМИР
Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Моҳи октябри соли равон дар шаҳри Хоруғи ВМКБ «Форуми сармоягузорон ва донорҳо «Помир Инвест 2010» баргузор мегардад. Ташаббускорони форуми мазкур Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор мебошанд. Ба форум лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба сохтмони иншооти калонҳаҷм; заводи семент, завод ва сехҳои коркарди мармар ва сангҳои ороишӣ, ҳамчунин, нерӯгоҳҳои хурди барқӣ, оид ба истифодаи конҳое, ки дар қаламрави ВМКБ ва дигар манотиқи баландкӯҳ ҷойгиранд, дар бораи истифодаи самараноки обҳои гарм ва табобатии вилоят ва манотиқи баландкӯҳ, бунёди марказҳои саломатӣ, оид ба истифодаи самараноки маҳсулоти кишоварзӣ; коркарди пашм, пӯст, мева ва сабзавот, барпо намудани гармхонаҳо, рушди мурғпарварӣ, қутоспарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, боғдорӣ, моҳипарварӣ пешниҳод мешаванд. Ҳамчунин, оид ба сохтмон ва азнавсозии иншооти соҳаи маориф ва тандурустӣ, сохтмон ва азнавсозии роҳҳои автомобилгард, дар бахши ободонии шаҳр ва деҳот, сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, сохтмон ва азнавсозии хатҳои канализатсия ва обгузар лоиҳаҳо омода мешаванд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






