ГУСТАРИШИ МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ИМА
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ бо муовини Котиби давлатии ИМА оид ба масъалаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейк 31 август дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Иёлоти Мутаҳидаи Амрико, амнияти минтақа, ҳамкориҳо дар Осиёи Марказӣ ва вазъияти Афғонистон, ҳамчунин, масъалаҳои дигари аҳамияти байналмиллалидоштаро баррасӣ намуданд. Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот нақши Тоҷикистон дар ҷараёни барқарорсозии иқтисодиёди давлати ҳамсояи Афғонистон ҳалкунанда арзёбӣ гардид. «Ҷонибҳо ба мулоқоте, ки 31 август дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд, тибқи машварати сиёсии байни Тоҷикистон ва Иёлоти Мутаҳидаи Амрико баҳои баланд доданд».








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






