ХАБАРИ TOJNEWS САҲЕҲ НЕСТ

Сентябрь 20, 2010 15:52

Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 18 сентябри соли ҷорӣ дар сайти TojNews ва боз чанд сайти дигар зери сарлавҳаи «Задухӯрди мусаллаҳона дар деҳаи Чанорои Файзобод», хабаре чоп шудааст, ки дар он аз  ҷумла омадааст: «… Дар натиҷаи ин задухӯрд, ки тақрибан соатҳои 2:30 дақиқаи шаби гузашта дар ҳавлии сокини деҳаи Чаноро Ш. К. ба вуқӯъ пайвастааст, маҳбусони фирорӣ 3 нафар афсарони мақомоти қудратиро ярадор кардаанд…Дар ин задухӯрд муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саидбек Рустамов аз китф ва раиси бахши файзободии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КДАМ ҶТ) аз даст ва гардан ярадор шуда, ба беморхона афтодаанд…»             Тибқи маълумоти аз маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КДАМ ҶТ) ба АМИТ «Ховар» расида, на се, балки ду нафар кормандони амният захм бардоштаанд. Инчунин, Саидбек Рустамов дар вазифаи муовини Раиси КДАМ набуда, корманди ҳамин ниҳод мебошад. Сардори бахши файзободии Кумита низ захмин нашудааст.

Сентябрь 20, 2010 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад