ХАРИДУ ФУРӮШИ ОДАМОН МУҲОКИМА ШУД

Сентябрь 16, 2010 15:07

Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова) –Маҷлиси навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии Прокуророни генералии давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил 15 сентябри соли 2010 дар толори мудаввари меҳмонхонаи «Президент-отел»-и шаҳри Маскав баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Федератсияи Русия хабар доданд.    Ин чорабинӣ таҳти раисии прокурори генералии Русия Юрий Чайка гузаронида шуд.    Дар ҷаласа прокуророни генералӣ ва муовинони прокуророни генералии Озарбойҷон, Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон ва Украина иштирок доштанд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ин ҷаласа аз Тоҷикистон Прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода, муовини прокурори ҳарбии ҷумҳурӣ Қадамроз Ғаниев, сардори раёсат оид ба назорати умумии прокуратураи генералӣ Мадиброҳим Олимов ва прокурори шаҳри Чкаловск Шарифҷон Шарифов ширкат варзиданд.    «Роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳукуқ масъалаҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои муташаккил-терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон, ҳолати ҳимояи ҳукуқҳои шаҳрвандон, хусусан онҳоеро, ки берун аз марзи давлати худ қарор доранд, муҳокима намуданд.     Дар ҷаласа Раис ва котиби Шӯрои ҳамоҳангсози Прокуророни генералии давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил интихоб шуданд» — хабар дод манбаъ.

Сентябрь 16, 2010 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад