ХИСОРОТИ ЗАРАР БАРҚАРОР МЕШАВАД.

Сентябрь 1, 2010 16:25

Бадахшон, 1 сентябр. ( АМИТ «Ховар»,Л. Додо). — Гурӯҳи корӣ  тањти сарпарастии раиси  ВМКБ, ки   дар ҳайати он намояндагони   ташкилотҳои  СММ ва  Бунёди  Оғохон  шомил буданд, аз водии  Бартанги ноҳияи Рӯшон, ки дар масофаи беш аз 200 км тӯл кашидааст, дидан намуданд. Боришоти рўзњои охир дар Бадахшон ба амал омада  ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии  халқи  вилоят хисороти   зиёд расонид ва бисёр  мавзеъњои ин водиро  хароб гардонид. Бар асари валангор гардидани пули  мањаллї  боғу ҷамоатҳои деҳоти Савнобу Басид дар муҳосира монданд, зеро роҳи дигари аз ин ҷо баромадан набуд. Дар  деҳаи Басид 6 хона пурра   хароб гардид.                        Дар масофаи   сад км роҳи мошингард зери об  монд. Ба хотири барқароркунии оқибатњои офати табиӣ  тамоми  техникаи роҳсозии кормандони идорањои  роҳсозӣ ва  хоҷагии оби вилоят вориди водии Бартанг гардиданд то пулҳову роҳњои зарардидаро   таъмир намоянд. Айни замон  сокинони қарияњои Боғу ва Рид   бо хаймаҳои истиқоматӣ  таъмин гардидаанд. Тавре аз мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд, баробари  кушода шудани роҳ   12 тонна орд, 450 кг равған, 1273 кг чой  њамчун кўмаки аввалин  ба сокинони ин ноњияи зарардида расонида шуд.   

Сентябрь 1, 2010 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд