ХУРӮҶИ БЕМОРИИ СПИД ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ

Сентябрь 2, 2010 11:26

            Кӯлоб, 2 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Директори  маркази бемории  СПИД-  и минтақаи   Кӯлоб  Тоҳир  Туманов   ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, ки аз  соли  2003     инҷониб гирифторони  ин  беморӣ   ба 280  нафар расидаанд, ки аз  ин  219 нафарашро  мардҳо,  61 нафарашонро  занҳо   ва   6  нафари  дигарро  муҳоҷирони  меҳнатӣ   ташкил  медиҳанд.  Ба  гуфтаи  ин манбаъ   барои  пешгирӣ   намудани    хурӯҷи   ин  беморӣ   аз  ҷониби  фонди  Глобалӣ   ва  Вазорати  тандурустӣ    маблағҳо ҷудо  гардида,    ба  гирифторони ин беморӣ ройгон  хизмат  расонида  мешавад. Соли  2008 —  ум дар ин минтақа  82  нафар мубталоёни СПИД   муолиҷа  гирифта,   айни  ҳол   таҳти  назорати пизишкон қарор доранд. Туманов  афзуд, ки   аз  аввали  соли  2003   то  ин дам  60  нафар гирифторони ин беморӣ  фавтидаанд. Таҳлилҳо собит месозанд, ки соли ҷорӣ шумораи гирифторони ин беморӣ кам шудааст, яъне агар дар соли 2009 — 44 нафар ба қайд гирифта шуда бошад, соли ҷорӣ ин нишондод ба 31 нафар расидааст.    Сардори марказ қайд намуд, ки айни ҳол аз ҷониби кормандон дар байни аҳолӣ корҳои профилактикӣ гузаронида шуда,  инчунин,  гузаронидани семинару вохӯриҳо  ба роҳ  монда  шудааст.

Сентябрь 2, 2010 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад