ХУШХАБАР АЗ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Сентябрь 28, 2010 11:01

Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷамъоварии пахта торафт суръати тоза мегирад.    Ба иттилои ҳамин манбаъ, имрӯзҳо дар ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ дар як рӯз ба андозаи беш аз 9 ҳазор тонна ва ё баробари 3 фоизи нақша  пахта ҷамъоварӣ мегардад. Ин тадбир пеш аз ҳама ба ташкили дурусти кор вобаста аст,  зеро  аз коргари оддӣ сар карда то роҳбарони ҳукуматҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дарки масъулият ва ҳисси ватандориро эҳсос менамоянд.    Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ то 27 – уми сентябри соли 2010 дар хоҷагиҳои вилоятҳои пахтакор ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба андозаи 140 ҳазору 318 тонна пахтаи гаронбаҳо ҷамъоварӣ шудааст, ки он  баробари 48,8 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад.    Дар ҷамъоварии пахта 190 ҳазору  265 нафар саҳмдорону ёрдамчиён ширкат меварзанд.    Имрӯзҳо аз хоҷагиҳои пешсафи ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ — Шаҳритӯс, Панҷ, Қубодиён ва Қумсангир  дар бораи иҷрои нақшаи пахтасупорӣ хушхабарҳо мерасанд.  Аллакай даҳҳо хоҷагиҳои деҳқонии ин  ноҳияҳои пахтакор аз иҷрои нақша мужда доданд. Ҷамъоварии ҳосил дар тамоми ноҳияҳои пахтакор босуръат идома дорад.    

Сентябрь 28, 2010 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад