ИНШООТИ ҶАШНИИ ПОЙТАХТ

Сентябрь 3, 2010 12:02

 Душанбе, 3 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар остонаи ҷашни 19-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт 15 иншооти гуногун ба маблағи 50, 6 миллион сомонӣ ба истифода дода мешавад.  Тавре сармуҳандиси Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе Рустам Муродов дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, иншооти мазкур аксарияташон муассисаҳои бахши маориф мебошанд, ки бархе аз онҳо мавриди истифода қарор дода шуданад. Мактаби таҳсилоти умумии №72 дар маҳаллаи Бофандаи пойтахт барои беш аз  1200 ҷойи нишаст, хонаи истиқоматии 9 ошёнаи 108 ҳуҷрадор дар маҳаллаи Зарафшон 2/26 аз ҳамин қабил аст. Инчунин, таъмиру азнавсозии мактаби таҳсилоти умумии № 25 дар ноҳияи Сино, таъмири  умумии корпуси 3-уми мактаби таҳсилоти умумии №51 ноҳияи Фирдавсӣ,   кӯдакистонҳои №57, № 112, №139, таъмири асосии мактаб-кӯдакистони №3 ноҳияи Исмоили Сомонӣ, корҳои сохтмонӣ  ва насби панҷараҳо дар Боғи фарҳангу  фароғатии  «Пойтахт-80», бо нерӯи гармӣ  таъмин намудани  дармонгоҳи №1 тавассути  дегхонаи  ангиштӣ дар ноҳияи Фирдасӣ аз иншоотиҳои ҷашнӣ мебошанд.  Рустам Муродов афзуд, ки сохтмон ва таъмиру таҷдиди иншооти ҷашнӣ  аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе маблағгузорӣ гардида, фармоишгари асосии он Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе мебошад.

Сентябрь 3, 2010 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд
Байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат ба 38 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Тоҷикистон мубодилаи почтаро бо Русия барқарор намуд
Сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд
Барои кормандони мақомоти молияи минтақаи Рашт машварати омӯзишӣ гузаронида шуд