ИНШООТИ ҶАШНИИ ПОЙТАХТ
Душанбе, 3 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар остонаи ҷашни 19-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт 15 иншооти гуногун ба маблағи 50, 6 миллион сомонӣ ба истифода дода мешавад. Тавре сармуҳандиси Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе Рустам Муродов дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, иншооти мазкур аксарияташон муассисаҳои бахши маориф мебошанд, ки бархе аз онҳо мавриди истифода қарор дода шуданад. Мактаби таҳсилоти умумии №72 дар маҳаллаи Бофандаи пойтахт барои беш аз 1200 ҷойи нишаст, хонаи истиқоматии 9 ошёнаи 108 ҳуҷрадор дар маҳаллаи Зарафшон 2/26 аз ҳамин қабил аст. Инчунин, таъмиру азнавсозии мактаби таҳсилоти умумии № 25 дар ноҳияи Сино, таъмири умумии корпуси 3-уми мактаби таҳсилоти умумии №51 ноҳияи Фирдавсӣ, кӯдакистонҳои №57, № 112, №139, таъмири асосии мактаб-кӯдакистони №3 ноҳияи Исмоили Сомонӣ, корҳои сохтмонӣ ва насби панҷараҳо дар Боғи фарҳангу фароғатии «Пойтахт-80», бо нерӯи гармӣ таъмин намудани дармонгоҳи №1 тавассути дегхонаи ангиштӣ дар ноҳияи Фирдасӣ аз иншоотиҳои ҷашнӣ мебошанд. Рустам Муродов афзуд, ки сохтмон ва таъмиру таҷдиди иншооти ҷашнӣ аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе маблағгузорӣ гардида, фармоишгари асосии он Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе мебошад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






