ИНТИҚОЛИ БАРҚИ ТОҶИКИСТОН БА АФҒОНИСТОН
Душанбе, 2 сетябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рӯз то рӯз густариш ёфта, пешравиҳо дар раванди сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра баръало ба чашм мерасанд. Яке аз чунин пешравиҳо дар соҳаи энергетика ба назар мерасад. Аз ҷумла фурӯши барқ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки аз нимаи дуюми соли 2008 сар карда, аз истгоҳи барқии «Помирэнерҷӣ»-и шаҳри Хорӯғ ба вилоятҳои ҳаммарзи Афғонистон нерӯи барқ интиқол дода мешавад. То аввали моҳи августи соли 2010 490 оилаи қишлоқҳои Башор ва Деҳмурғони ноҳияи Шуғнони ҶИА аз ҷумҳурии мо барқ мегирифтанд. Имрӯз аз тарафи ширкати сохтмонии «Барқсоз»-и ноҳияи Рӯдакии ҶТ дар қишлоқи Саричашмаи ин ноҳия барои 530 оилаи дигар хати барқ кашида шуда истодааст. То имрӯз зиёда аз 700 адад симчӯб насб шуда, дар рӯзҳои наздик ҳамаи симчӯбҳо, яъне 930 адад симчӯб насб хоҳад гардид. То нимаи моҳи сентябри соли ҷорӣ сокинони ин деҳа ба пуррагӣ бо барқ таъмин мегарданд. Бо дархости мақомоти вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон масъалаи интиқоли нерӯи барқ ба се ноҳияи дигари ин вилоят — Нисай, Ишкошим ва Зебок дар ҳоли баррасии мақомоти Тоҷикистон қарор дорад. Шумораи умумии аҳолии ин се ноҳия 35 ҳазор нафар мебошад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






