ИШТИРОКИ Ҳ. ЗАРИФӢ ДАР МУЛОҚОТИ СҲИ ДАР НЮ — ЙОРК

Сентябрь 29, 2010 16:48

Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Ҳамроҳхон Зарифӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти солонаи вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ),ки 27 сентябри 2010 таҳти раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар доираи иҷлосияи 65-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк баргузор гашт, иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи ҶТ иттилоъ доданд.    Тавре аз гуфтаҳои манбаъ бармеояд, аз рӯи рӯзномаи кории мулоқот, мубодилаи афкор сурат гирифт ва масъалаҳои марбут ба фаъолияти СҲИ, таърих ва вақти ҷаласаи шӯрои вазирон ва ҳамоиши ояндаи СҲИ баррасӣ шуданд, ҳамчунин, лоиҳаи қатънома оид ба ҳамкорӣ миёни СҲИ ва СММ, ки ба баррасии иҷлосияи 65-уми МУ СММ пешниҳод хоҳад шуд, тасдиқ гардид. «Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон муҳимияти фавқулоддаи татбиқи лоиҳаҳои минтақавии нақлиётиву коммуникатсионӣ ва гидроэнергетикиро барои тараққиёти минбаъдаи кишварҳои аъзои Созмон таъкид кард», — хабар дод манбаъ.  

Сентябрь 29, 2010 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад