ИШТИРОКИ КӮЧИҲОИ АФҒОНИСТОН ДАР ИНТИХОБОТ

Сентябрь 16, 2010 15:28

          Душанбе, 16 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Дари беш аз 900 маркази райъдиҳӣ дар Афғонистон баста  шудааст», гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» атташеи матбуоти сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсулҳақи Ориёнфар. Сабаби баста гардидани дари беш аз 900 маркази райъдиҳӣ таъмин набудани амният ва нооромӣ дар бархе аз минтақаҳои ҷанубии Афғонистон аст, афзуд Ш. Ориёнфар.             Мавсуф гуфт, ки дуюмин давраи интихоботи парлумонӣ -Шӯрои Миллӣ дар Афғонистон 18 сентябри соли 2010 баргузор гардида, дар он ҳудуди 10 миллион мардуми Афғонистон  райъ медиҳанд. Дар маҷмӯъ,  дар рӯзи интихобот  наздики 6 ҳазор марказ  ва беш аз 18 ҳазор  маҳали райъдиҳӣ фаъолият мекунанд. Аз 2 ҳазору  556 нафар номзадҳо 406 нафарашон занон мебошанд. Инчунин, 42 номзад ба вакилиро намояндагони кӯчиҳои Афғонистон ташкил медиҳанд. Мавриди зикр аст, ки парлумони Афғонистон -Шӯрои Миллӣ  аз 250 вакил иборат аст.           Ҷараёни баргузории интихоботи парлумонии Афғонистонро нозирону намояндагони 40 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили СММ, САҲА ва ғайраҳо мушоҳида менамоянд.             Бобати таъмини амният ва иштироки мардум дар интихобот нерӯҳои  Артиши миллӣ, полиси миллии Афғонистон ва нерӯҳои Паймони Атлантикаи Шимолӣ /НАТО/ сафарбар мегарданд.             Натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ дар Афғонистон баъд аз 1 моҳу 8 рӯз, яъне дар санаи 26 октябри соли равон муайян мегарданд.

Сентябрь 16, 2010 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад