КӮМАКИ ИДОНА БА АШХОСИ НИЁЗМАНД
Душанбе, 2 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар моҳи шарифи Рамазон намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бархе аз муассисаю ташкилот ва хона -интернатҳо маъракаи ифторро ташкил кард. Мудири намояндагии Кумитаи имдод дар Тоҷикистон Сайидҷаводи Разавӣ дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар тӯли моҳи мубораки Рамазон, ки моҳи хайру саховат аст, барои 2000 нафар маҳбусони маҳбасхонаҳои шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа, 450 нафар чеварони корхонаи дӯзандагии либосҳои низомӣ, дар масҷиди ҷомеъи маҳаллаи 33-и пойтахт барои 300 нафар, барои 300 нафар кормандони шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», 260 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои бачаҳои маъюб воқеъ дар ноҳияи Ҳисор ва 450 нафар ниёзмандон дар шаҳри Хуҷанд ифтор доир намудаанд. Алҳол аз ҷониби намояндагиҳои Кумита ташкили маъракаҳои ифтор дар дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон давом дорад. Ҳамзамон, С. Разавӣ афзуд, ки дар арафаи Иди Рамазон кӯмакҳо, аз қабили маводи ғизоӣ ба оилаҳои ниёзманд ва маъюбон расонида мешавад, ки ба ғанӣ гардонидани дастархони идонаи онҳо муосидат менамояд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






