КАФОЛАТИ БЕҲТАРШАВИИ ХИЗМАТРАСОНӢ
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- 23 –юми сентябри соли ҷорӣ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов роҳбари ҳайати Бонки Рушди Осиё Грехем Сэтл намояндаи доимии бонки мазкур дар Тоҷикистон Ҷоҷи Токешӣ ва дигар аъзои ҳайатро ба ҳузур пазируфт,- гуфт ба мухбири АМИТ «Ховар» мудири бахши робита бо ҷомеаи вазорати мазкур Ф. Фозилов. Мақсад аз ин вохӯрӣ таҳияи барномаи пешниҳодгардида оид ба беҳтар намудани хизматрасонӣ дар ҶТ мебошад. Тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида, Бонки Рушди Осиё (БРО) оид ба беҳтар намудани соҳаи хизматрасонӣ ба ҷумҳурии Тоҷикистон 34 млн. доллари амрикоӣ ҷудо намуд. Вазир аз ҳамкориҳои БРО бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва бахусус, аз таваҷҷӯҳи пайвастаи он ба давлати соҳибистиқлоли ҶТ изҳори сипос намуд ва иброз дошт, ки ҳамкориҳои худро бо ин бонки мӯътабари осиёгӣ идома хоҳад дод. Сӯҳбат дар фазои ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






