КАРТОШКА ҲАМ МОНОПОЛИЯ МЕШАВАД

Сентябрь 27, 2010 10:33

Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҶТ, соли ҷорӣ  дар саросари ҷумҳурӣ  майдони кишти картошка ба 12 ҳазор гектар расонида шудааст.    То 20 –уми сентябри соли ҷорӣ ҳосили майдони 3698,2 гектар картошказор ҷамъоварӣ гардидаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 457, 2 гектар зиёд аст.    Он чиз боиси нигаронӣ аст, ки бо вуҷуди нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар канда ҷамъоварӣ намудани картошка нарх дар бозорҳои ҷумҳурӣ нисбатан боло рафтааст. Мутасаддиёни бозорҳо бошанд болоравии нархро дар таъхири  боркашонӣ медонанд.    Онҳое, ки ба кашонидани борҳои кишоварзӣ дастрасӣ доранд бори бо нархи арзон харидаи худро замоне вориди бозор менамоянд, ки талабот нисбати он зиёд бошад. Ин «тадбир» — и пешакӣ тарҳрезишуда боис шудааст, ки нарх   дар бозор боло рафта, даромади он ба манфиати    монополистони воридкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ гардад.    Тибқи нақша истеҳсоли картошка соли ҷорӣ ба 253 ҳазору 309 тонна расонида мешавад. То имрӯз наздик ба 79 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки он баробари 30 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад. Дар  27 рӯзи моҳи сентябр нархи картошка аз 30 то 80 дирам боло рафтааст, ки ин ҳанӯз ҳадди ниҳоӣ нест.  

Сентябрь 27, 2010 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад