КДАМ: «БОЗ ЯК ҶИНОЯТКОРИ ХАТАРНОК БЕЗАРАР ГАРДОНИДА ШУД»

Сентябрь 29, 2010 10:03

Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки органҳои амниятии кишвар, бо дастгирии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва иштироки Вазорати корҳои дохилии ҶТ рӯзи 28-уми сентябри соли 2010 боз як ҷинояткори хатарнок — Сулейманов Гусейн Шариповичро, ки шаби 22 ба 23-юми августи соли равон аз маҳбасхонаи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фирор карда буд, безарар гардониданд. Сулейманов Гусейн Шарипович, соли таваллудаш 5 октябри соли 1985, шаҳрванди  Федератсияи Россия, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи  Новолаки Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия, аъзои фаъоли гурӯҳи трансмиллии террористӣ тибқи моддаҳои  32, 335 қисми 2 ва 187 қисми 2-и КҶ  Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум гардидааст, бо кӯмаку мусоидати бевоситаи сокинони ноҳияи Файзобод дар ҳудуди деҳаи Чанорои ин ноҳия ошкор карда шуд. Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз ин шаҳрвандон сипосгузор мебошад. Ҳангоми амалиёти боздошткунӣ Сулейманов Гусейн ба талаботи кормандони мақомоти қудратӣ дар хусуси бечунучаро таслим шуданаш ҷавоби рад дода, ба сӯи онҳо норинҷак партофт ва ба тирпарронӣ сар кард. Дар натиҷа Сулейманов Гусейн дар ҷойи ҳодиса кушта шуда, аз ӯ 1 пистолети Макаров бо тирҳояш мусодира гардид.             Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо мақсади дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани 16 фирории боқимонда аз тарафи органҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои қудратии кишвар давом дорад.             Дар сурати доштани ҳама гуна маълумоте, ки ба қазияи фирори гурӯҳи террористон аз маҳбасхонаи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дахл дорад, шаҳрвандон ба телефонҳои 221-37-37; 227-37-37 хабар диҳанд. Амнияти истифодаи иттилоот, шахсият ва инчунин мукофоти калони пулӣ кафолат дода мешавад.    

Сентябрь 29, 2010 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад