КДАМ: «БОЗ ЯК ҶИНОЯТКОРИ ХАТАРНОК БЕЗАРАР ГАРДОНИДА ШУД»
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки органҳои амниятии кишвар, бо дастгирии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва иштироки Вазорати корҳои дохилии ҶТ рӯзи 28-уми сентябри соли 2010 боз як ҷинояткори хатарнок — Сулейманов Гусейн Шариповичро, ки шаби 22 ба 23-юми августи соли равон аз маҳбасхонаи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фирор карда буд, безарар гардониданд. Сулейманов Гусейн Шарипович, соли таваллудаш 5 октябри соли 1985, шаҳрванди Федератсияи Россия, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Новолаки Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия, аъзои фаъоли гурӯҳи трансмиллии террористӣ тибқи моддаҳои 32, 335 қисми 2 ва 187 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум гардидааст, бо кӯмаку мусоидати бевоситаи сокинони ноҳияи Файзобод дар ҳудуди деҳаи Чанорои ин ноҳия ошкор карда шуд. Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз ин шаҳрвандон сипосгузор мебошад. Ҳангоми амалиёти боздошткунӣ Сулейманов Гусейн ба талаботи кормандони мақомоти қудратӣ дар хусуси бечунучаро таслим шуданаш ҷавоби рад дода, ба сӯи онҳо норинҷак партофт ва ба тирпарронӣ сар кард. Дар натиҷа Сулейманов Гусейн дар ҷойи ҳодиса кушта шуда, аз ӯ 1 пистолети Макаров бо тирҳояш мусодира гардид. Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо мақсади дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани 16 фирории боқимонда аз тарафи органҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои қудратии кишвар давом дорад. Дар сурати доштани ҳама гуна маълумоте, ки ба қазияи фирори гурӯҳи террористон аз маҳбасхонаи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дахл дорад, шаҳрвандон ба телефонҳои 221-37-37; 227-37-37 хабар диҳанд. Амнияти истифодаи иттилоот, шахсият ва инчунин мукофоти калони пулӣ кафолат дода мешавад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






