КИТОБ ОИДИ ТАБОБАТИ САНГИ ГУРДА БА ЧОП РАСИД

Сентябрь 28, 2010 10:02

Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Китоби нави кормандони Донишкадаи байналмиллалии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, академики Тибби исломии Эрон, доктори илмҳои тиб, профессор Юсуф Нуралиев ва номзади илмҳои тиб, Корманди шоистаи Тоҷикистон Саидҷон Нодирӣ дар нашриёти «Гулбарг»-и ҶИЭ бо теъдоди се ҳазор нусха нашр гардид.  Номи китоб «Бӯалӣ ва гиёҳдармонии амрози санги кулия» (гурда) буда, дар он ривоёти Абӯалӣ ибни Сино оид ба бемориҳои санги гурда чоп шудаанд.             Китоб аслан зиндагиномаи Абӯалӣ ибни Сино ва табибони ҳамасри ӯро дар бар мегирад.             Як боби китоб пурра ба роҳҳои пешгирӣ ва табобати бемориҳои санги гурда тавассути  гиёҳҳои шифобахш ва парҳез бахшида шудааст.             Бобҳои дигар номгӯи яксаду даҳ гиёҳи фармудаи Сино, таркиби химиявии онҳо, тарзи тайёркунӣ, нигоҳдорӣ, тадбирҳои курси табобати на танҳо касалиҳои гурда, дил, қанд, балки касалиҳои занона низ  дар ҳамбастагӣ бо тибби муосир пешниҳод шудаанд.             Китоб барои оммаи васеи хонандагон ва донишҷуёни Донишгоҳи тиббӣ пешниҳод шудааст. Ёдовар мешавем, ки  китоби мазкур чандин маротиба дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб иштирок намуда, аз сабаби талаботи зиёд ба он бори панҷум нашр мешавад. Ин натиҷаи кори аввалини олимони тоҷик дар ҶИЭ мебошад. Бояд гуфт, ки китоб муфассал ва оммафаҳм навишта шуда, роҳнамои хубест барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои  санги гурда.

Сентябрь 28, 2010 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад