КОНФРОНСИ ЗАБОН
Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар, Ҳотам Рабиев).-Дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бахшида ба рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Меъёрҳои забони адабии тоҷик» конфронси илмӣ баргузор гардид. Дар назди ҳозирин олимон С.Назарзода дар мавзӯи «Баъзе мулоҳизаҳо дар бораи имлои забони тоҷикӣ», Д. Саймиддинов «Чанд андеша атрофи пасванди «чӣ» дар забони тоҷикӣ», О.Қосимов «Хусусиятҳои хоси фарҳангнигорӣ дар таҳияи «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» андешаронӣ намуданд. Тибқи иттилои директори Пажӯҳишгоҳи мазкур Сайфиддин Назарзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» то ҷашни рӯзи забон,яъне 5 октябр баргузории чандин чорабиниҳои дигари илмӣ ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд






