КОРХОНАҲОИ БОФАНДАГӢ ХОҲИШИ ИМТИЁЗ ДОРАНД

Сентябрь 29, 2010 09:53

   Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори шӯъбаи банақшагирии иқтисодии корхонаи нассоҷии Тоҷикистон Анвар Суннатов, имрӯзҳо корхона ба ашёи хом сахт ниёз дорад. Корхона танҳо бо мақсади нигоҳ доштани  коллективи коргарон бо зарар барои худ фаъолияташро давом медиҳад.       Ба гуфти А. Суннатов, захираи ашёи хоми корхона танҳо барои чанд моҳи дигар мерасаду халос. Корхона бо сабаби боло рафтани нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ имкони хариди онро надорад.    Ба иттилои ҳамин  манбаъ,  корхона ашёи хоми бофандагиро бо нархи яклухти  биржаи Ливерпул дар дохили кишвар харид мекунад, ки айни замон нархи 1 тонна пахта дар ин биржа ба 2 ҳазор доллари амрикоӣ расидааст. Боис ба ёдоварист, ки дар аввали соли ҷорӣ нархи 1 тонна пахта дар биржаи Ливерпул ба 1 ҳазору 100 доллари амрикоӣ ба савдо бароварда мешуд. Алҳол роҳбарияти корхона аз Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи ба корхонаҳои бофандагӣ додани имтиёз барои хариди ашёи хом дар дохили кишвар дархост пешниҳод кардааст.

Сентябрь 29, 2010 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд