КУШТОРИ БЕРАҲМОНА ДАР ДУШАНБЕ

Сентябрь 14, 2010 17:00

Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 13 сентябр истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор Меҳроб Исломов (соли таваллудаш 1988), ба хонаи истиқоматии шаҳрванди шаҳри Душанбе Басбӣ Зарипова (соли таваллудаш 1970) даромада, дар рафти сӯҳбат байни онҳо муноқиша сар мезанад. Дар натиҷаи муноқиша М. Исломов Б. Зариповаро бо корди ошхона 15 маротиба ба узвҳои гуногунаш мезанад. Б. Зарипова аз сабаби гирифтани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Инчунин, ҷиноятпеша 1 адад  гарданбанд ва 2 адад ангуштарини тиллоии ҷабрдидаро гирифта, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, далели шайъӣ аз ҷои ҳодиса гирифта шуд ва оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.

Сентябрь 14, 2010 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад