«ЛОИҲАИ МИНТАҚАВИИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ БАРҚ»

Сентябрь 16, 2010 16:50

           Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасии Созишномаи грантӣ ва лоиҳавӣ оид ба «Лоиҳаи минтақавии интиқоли қувваи барқ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд баргузор гардид.             Созишномаро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молияи ҶТ-Сафаралӣ Наҷмиддинов, аз номи Бонки Осиёгии Рушд, иҷрокунандаи вазифаи намояндаи доимии Бонки Осиёгии Рушд дар Тоҷикистон-Ҷоҷи Токешӣ ва аз номи ШСХК «Барқи тоҷик» раиси ШСХК «Барқи тоҷик»-Абдулло Ёров ба имзо расониданд.             Ҳадафи лоиҳаи минтақавии интиқоли қувваи барқ, ин ноил гаштан ба амнияти энергетикӣ, таъминоти кофӣ ва боэътимод бо қувваи барқ барои истифодабарии дохилӣ, мақсадҳои тиҷоратӣ ва соҳаи саноатӣ, инчунин, дастгирии содироти қувваи барқ дар минтақа мебошад.             Арзиши умумии лоиҳа 141, 0 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, аз ҷумла 122,0 млн. долари ИМА гранти Бонки Осиёгии Рушд ва 19, 0 млн. доллари ИМА саҳми ШСХК «Барқи тоҷик» мебошад.             Қайд кардан ба маврид аст, ки дар доираи лоиҳаи мазкур сохтмони ду хати нави интиқоли қувваи барқи 220 кВ, барқарорсозии пурра ва қисмии шаш зеристгоҳи тақсимкунанда, ҷорӣ кардани системаи назоратии идоракунӣ ва ҷамъоварии маълумот (SCADA) дар Маркази диспетчерии идоракунии шаҳри Душанбе ва 32 зеристгоҳи асосии мамлакат, таҳия ва татбиқи Барнома оид ба беҳсозии амалиёти фаврии сектори энергетика ба нақша гирифта шудааст.                

Сентябрь 16, 2010 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад