М. БОЛТУЕВ АЗ ВЕНА ЧӢ ОВАРД?

Сентябрь 27, 2010 09:38

    Душанбе, 27 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар назар аст, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон то интихоботи соли 2014 қисман ба низоми нави интихоботӣ- овоздиҳии электронӣ хоҳад гузашт. Дар ин хусус зимни бозгашти худ аз Вена раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоалӣ Болтуев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки гузариш ба низоми овоздиҳии электронӣ тақозои замони муосир ва пешрафти технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҷомеаи мутамаддин, бахусус Тоҷикистон буда, он барои гузаронидани интихоботи озоду шаффоф мусоидат менамояд. Гузариш ба системаи овоздиҳии электронӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93% қаламраваш кӯҳистон аст, афзалияти бештар дорад, мегӯяд. М.Болтуев. Вай афзуд, ки дар интихоботи парлумонии соли 2010, ки баргузории он ба фасли зимистон рост омад, барои бурда расонидани варақаҳои райъдиҳӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ шудем. Дар ағбаи Шаҳристон, ки барфи бисёр борида буд, саривақт варақаҳои овоздиҳӣ ба шимоли кишвар интиқол дода нашуд. Зарурат пеш омад, ки 40 тонна варақаҳои овоздиҳӣ тавассути ҳавопаймо ва чархболҳо ба вилояти Суғд фиристонида шаванд.       Номбурда зикр кард, ки гузариш ба низоми овоздиҳии электронӣ чандон маблағи зиёдеро аз буҷаи кишвар талаб намекунад. Дар ин самт тайёр кардани мутахассисони бахши технологияи муосири коммуникатсионию интернетӣ, ки аксарияти насли ҷавони тоҷик ба он дастрасӣ доранд зарур аст. Зеро 70 % аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ менамоянд.    Мавриди зикр аст, ки алҳол қисми бештари кишварҳои мутарраққии дунё ба низоми нави интихобот, овоздиҳии электронӣ гузаштаанд. Аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил танҳо Русия ва Қазоқистон қисман ба низоми интихоботии овоздиҳии электронӣ гузаштаанд.

Сентябрь 27, 2010 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад