МАБЛАҒИ СОХТМОНИ ИНШООТ ЗИЁД КАРДА МЕШАВАД

Сентябрь 22, 2010 10:46

         Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки барои солҳои 2010 – 2012  барои сохтмони иншооти аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ маблағгузоришаванда 4 млрд.510 млн. сомонӣ ҷудо карда мешавад.             Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, аз маблағи пешбинишаванда 2,7 млрд. барои корҳои сохтмонии нерӯгоҳи  «Роғун» ва маблағи боқимонда, ки 1,8  млрд.-ро ташкил медиҳад, барои корҳои сохтмонии соҳаҳои тандурустию маориф, хоҷагии кишоварозӣ, фарҳанг, варзиш, хоҷагии коммуналӣ, обёрӣ ва таъмини оби нӯшокӣ пешбинӣ мешавад.             Ба иттилои манбаи мазкур, маблағгузории мутамарказонидашуда аз ҳисоби буҷа дар соли 2011 дар муқоиса ба соли 2010 26,9 фоиз ва дар соли 2012 нисбат ба соли 2010 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад.             Дар ин давра аз ҳисоби маблағи мутамарказонидашудаи буҷа барои сохтмон ва ба истифода додани 2млн. 270 метри квадратӣ манзили истиқоматӣ, мактаб барои 47 ҳазор хонанда ва беморхона барои 782 кат пешбинӣ мешавад. 

Сентябрь 22, 2010 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад