МАБЛАҒИ СОХТМОНИ ИНШООТ ЗИЁД КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки барои солҳои 2010 – 2012 барои сохтмони иншооти аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ маблағгузоришаванда 4 млрд.510 млн. сомонӣ ҷудо карда мешавад. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, аз маблағи пешбинишаванда 2,7 млрд. барои корҳои сохтмонии нерӯгоҳи «Роғун» ва маблағи боқимонда, ки 1,8 млрд.-ро ташкил медиҳад, барои корҳои сохтмонии соҳаҳои тандурустию маориф, хоҷагии кишоварозӣ, фарҳанг, варзиш, хоҷагии коммуналӣ, обёрӣ ва таъмини оби нӯшокӣ пешбинӣ мешавад. Ба иттилои манбаи мазкур, маблағгузории мутамарказонидашуда аз ҳисоби буҷа дар соли 2011 дар муқоиса ба соли 2010 26,9 фоиз ва дар соли 2012 нисбат ба соли 2010 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад. Дар ин давра аз ҳисоби маблағи мутамарказонидашудаи буҷа барои сохтмон ва ба истифода додани 2млн. 270 метри квадратӣ манзили истиқоматӣ, мактаб барои 47 ҳазор хонанда ва беморхона барои 782 кат пешбинӣ мешавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






