МАКТАБ БАРОИ ЗАРАРДИДАГОН

Сентябрь 24, 2010 09:32

Душанбе, 24 сентябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар мавзеи Хамиртеппаи шаҳри Панҷакент сохтмони мактаб барои зарардидагони офати табиӣ оғоз шуд ва он то рӯзи иди Парчами давлатӣ сохта ба истифода дода мешавад,- хабар дод сардори ҶСК «Асл» Саъдулло Иноятов ба мухбири АМИТ «Ховар».    Ба иттилои ҳамин манбаъ, дар давоми ду соли охир сохтмончиёни ин ташкилоти сохтмонӣ бинои бонки «Эсхата», мактаби деҳаи Раводдин, 10 синфхонаи иловагӣ барои мактаби рақами 7-и деҳаи Кулолӣ, дидбонгоҳи сарҳадии қисми низоми «Н»-ро бунёд ва ба истифода доданд.    Соли ҷорӣ ин ташкилоти сохтмонӣ барои зарардидагони деҳаи Шӯрча ва аз офати табиӣ зарардидагони ноҳияи Хуросон 4 хона сохта, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ба соҳибонашон супориданд.    Бо заҳмати сохтмончиёни ҶСК «Асл» пули мошингузари деҳаҳои Ғезан – Моғиён ва 4 пули валангоршудаи деҳаи Артуч барқарор, хонаи маданияти деҳаи Ғусор ва   озмоишгоҳи бактериологии  шаҳри Панҷакент  аз таъмир бароварда шуданд.    

Сентябрь 24, 2010 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад