МАКТАБИ ЗАМОНАВӢ ДАР ДАНҒАРА

Сентябрь 14, 2010 17:30

Душанбе, 14 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-14 cентябр дар деҳаи Маликоваи ноҳияи Данғара мактаби нави замонавӣ барои 320 хонанда ба истифода дода дода шуд, ки дар маросими ифтитоҳи он Вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов иштирок карда, ба хонандагон интизоми намунавӣ ва хониши хубу аълоро таманно кард.  Назар ба иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев,  мактаб замонавӣ буда, аз ҳисоби  маблағҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарзи Бонки рушди исломӣ  сохта шудааст.  Мактаб дорои тамоми шароити таълимӣ, аз ҷумла синфи компютерӣ, толори варзишӣ ва синфхонаҳои фаннӣ буда, бо тамоми воситаҳои таълиму тадрис муҷаҳҳаз гардидааст.

Сентябрь 14, 2010 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад