МУҲОКИМАИ ПАРВАНДАҲОИ ВАО ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 17 сентябр дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Меъёрҳои ҳуқуқии фаъолияти журналистӣ. Журналистикаи пурмасъулият. Хатарнокӣ ва вазифаҳое, ки дар назди нашриёт меистанд, дар мисоли корҳои судӣ ба муқобили ВАО дар кишварҳои ИДМ» баргузор мегардад. Он аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмиллалии Интернюс Нетворк ташкил шудааст. Барои иштирок дар кори мизи мудаввар ноширон ва муҳаррирони ВАО даъват шудаанд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон хабар доданд, дар чорабинии мазкур ҳуқуқшинос ва коршинос аз Санкт-Петербург Станислав Сандаков иштирок менамояд. Иштирокчиёни мизи мудаввар масъалаҳои судӣ ва парвандаҳои ҷиноятӣ ба муқобили ВАО, муҳаррирон ва рӯзноманигоронро дар кишварҳои гуногуни ИДМ муҳокима менамоянд. Мизи мудаввар дар бинои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузор мегардад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






