МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ФУРӮШИ ОДАМОН

Сентябрь 24, 2010 16:56

          Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Яке аз масъалаҳои муҳими мулоқоти панҷуми вазирони корҳои хориҷии Афғонистон, Покистон, Русия ва Тоҷикистон, ки 22 сентябри соли 2010 дар шаҳри Ню Йорк дар ҷараёни иҷлосияи 65-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, ин мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон буд.             Дар мулоқот Ҳамрохон Зарифӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.  Зимни мулоқот қайд гардид, ки имрӯз афзоиши теъдоди ҷиноятҳои марбут ба хариду фурӯши одамон ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз табдил ёфтааст. Дар ҷаласа, ҳамчунин, зарурати муттаҳидсозии талошҳо ва андешидани чораҳои таъхирнопазир ҷиҳати муборизаи муассир ба муқобили хариду фурӯши одамон таъкид гардид.             Вазирон қабули Нақшаи глобалии амалиёти СММ оид ба мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамонро  пазируфтанд. Ҷонибҳо дастгирии худро аз фаъолияти Раёсати СММ оид ба ҷоннок намудани мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои вобаста ба он баён намуданд.             Дар поёни мулоқот ҷонибҳо изҳорот оид ба талошҳои ҷаҳонӣ баҳри мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамонро қабул карданд.             Дар ин бора аз Департаменти иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.    

Сентябрь 24, 2010 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад