МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО АКМАЛИДДИН ЭҲСОНОҒЛУ

Сентябрь 22, 2010 11:21

22 сентябри соли 2010 дар мулоқот бо Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ (СКИ) Акмалиддин Эҳсоноғлу масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин созмон баррасӣ шуд. «Тоҷикистон ҳамкориро бо Созмони конфронси исломӣ яке аз равандҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии худ арзёбӣ намуда, ҷонибдори тавсеи робитаҳо бо ҳама кишварҳои аъзои ин созмони бонуфуз мебошад», — изҳор дошт дар оғози сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Дар шаҳри Душанбе баргузор гаштани Ҷаласаи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СКИ, ки  рўзҳои 18-20 майи соли 2010 ҷараён гирифта буд, пеш аз ҳама, “шаҳодати таваҷҷўҳи афзояндаи ин Созмон ба Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ва таъкидгари нақши фарҳангии Тоҷикистон ва минтақа дар таърихи дини мубини ислом” маънидод гардид. Таъкид карда шуд, ки “Созмони Конфронси Исломӣ метавонад чун василаи таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар миёни кишварҳои мусулмонӣ, бахусус дар таъмини сулҳу субот ва рушди устувор, нақши хеле муҳим ва муассир дошта бошад”. Таъсиси Фонди ҳамбастагии исломӣ бо сармояи 10 миллиард доллари амрикоӣ ва Идораи махсус оид ба кўмакҳои башардўстона дар ҳолатҳои фавқулодда аз намунаҳои мушаххаси иқдомҳои амалӣ арзёбӣ карда шуд. Биноан сармоягузории  Бонки Исломии Рушд дар самтҳои афзалиятнок ва стратегӣ – энергетика, зербинои истеҳсолӣ, техникию технологӣ ва таъминотӣ, иттилоот ва коммуникатсия, саноат, обрасонӣ ва туризм чун омили пешрафт ва тақвияти нерўи умумии кишварҳои мусулмонӣ зарур шумурда шуд.    

Сентябрь 22, 2010 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад