МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО САРВАЗИРИ ЯПОНИЯ НАОТО КАН

Сентябрь 23, 2010 08:32

Бегоҳии рўзи 22 – юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Сарвазири Япония Наото Кан мулоқот намуд. Дар вохўрӣ масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Япония баррасӣ шуд. «Муносибатҳо бо Япония, ки яке аз шарикони боэътимоди мо аст, аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад ва мо ба густариши он манфиатдорем», — изҳор дошт дар оғози сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Аз татбиқи босамари Барномаи минтақавии «Муколамаи Япония  ва Осиёи Марказӣ», аз ҷумла сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингарди миёни Тоҷикистону Афғонистон ва дастгирии соҳаҳои маорифу тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Густариши бештари ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ барои татбиқи лоиҳаҳои стратегии минтақавӣ, ки ба барқарорсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоиштаи Афғонистон равона гаштаанд, зарур шумурда шуд, аз ҷумла сохтмони роҳи оҳани миёни Тоҷикистону Афғонистон ва нерўгоҳи 125 мегаватаи обӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон. Таҳкими заминаи ҳуқуқӣ-қарордодии ҳамкории Тоҷикистону Япония зарур шумурда шуд. Ба ин хотир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Япония Наото Канро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили гуногуни сиёсати байналмилалӣ, роҳҳои таҳкими амнияту субот ва ҳалли мушкилоти глобалии сайёра гуфтугў сурат гирифт.

Сентябрь 23, 2010 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад