МУСОҲИБАИ Э. РАҲМОН ДАР ШАҲРИ НЮ-ЙОРК
22 сентябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Раиси кулли ширкати шабакаҳои телевизионию иттилоотии «Миллер Асошиэйтс» Билл Миллер мусоҳибаи хоса орост. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои сершумори Уилиям Миллер, аз ҷумла оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масоили глобалии вобаста ба дастрасӣ ба оби тоза, пешгирии обшавии пиряхҳо ва офатҳои табиии вобаста ба об, нигоҳ доштани гармшавии иқлими сайёра, афзалият додан ба манбаъҳои барқароршавандаи нерўи барқ, пеш аз ҳама гидроэнергетика ва дар маҷмўъ татбиқи амалии Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар ҷаҳон ва минтақаи Осиёи Марказӣ посухҳои мукаммалу мушаххас дод. Мўҳтавои ин мусоҳиба дар расонаҳои хабарии Созмони Милали Муттаҳид ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аз ҷумла агентиҳои иттилоотӣ ва радиову телевизионҳо инъикос мешавад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






