НАХУСТИН КОРХОНАИ ХИШТ ДАР БАДАХШОН
Бадахшон, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо).- Дар деҳаи Водхуди ноҳияи Ванҷ корхонаи хиштбарорӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Имрӯз дар вилоят талабот ба хишт хеле зиёд буда, ин нахустин корхонаи хиштбарорӣ дар ВМКБ мебошад. Дар наздикии корхона дар мавзеи Лангар барои истеҳсоли хишт ашёи хоми фаровон мавҷуд аст, ки хокаи онро ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ дар озмоишгоҳҳои махсуси шаҳри Маскав санҷида буданду он беҳтарин дониста шуд. Иқтидори пурраи корхона дар як навбат 170 ҳазор дона хишт аст. Имрӯз дар ин корхона 20-нафар коргар кор мекунад, ки музди миёнаи маошашон 500 сомониро ташкил медиҳад. Роҳбарияти корхона тасмим гирифтаанд, ки то охири сол теъдоди коргарони корхонаро ба 100 нафар расонанд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






