НАШРИ КИТОБИ ТОҶИКӢ ДАР ӮЗБЕКИСТОН

Сентябрь 4, 2010 14:10

    Душанбе, 4  сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Нависанда ва рӯзноманигори тоҷикзабони муқими Ӯзбекистон Юнуси Имомназар китоби нави худро бо унвони «Аз санг сахт, аз гул нозук» бо теъдоди 1000 нусха аз чоп баровард.      Юсуфи Имомназар то ин фурсат бештари нигоштаҳои хешро аз тариқи рӯзномаи «Овози тоҷик» манзури хонандагон кардааст. Маҷмӯа аз достонҳои кӯтоҳ, қисса, мақолаҳои мухталифи таҳлилӣ ва фарҳангӣ иборат буда, масоили муҳими мухталифи иҷтимоӣ, мушкилоти рӯзгори муосир ва равишҳои ҳаллу фасли онро бо диди тоза фаро гирифтааст.       Унвони китоб аз номи яке аз қиссаҳои дар он ҷойдода гирифта шудааст, ки ба таъкиди нависанда аз рӯзгори падари ӯ нақл мекунад.      Юнуси Имомназар дастпарвари факултаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Аз соли 1996 то 2000 дар бахши форсии барномаҳои бурунмарзии радиои Ӯзбекистон фаъолият бурдааст. Айни ҳол дар яке аз ширкатҳои эронии Ӯзбекистон «Шимбар» кор мекунад ва ҳамзамон машғули фаъолияти эҷодӣ мебошад.

Сентябрь 4, 2010 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад