НИГАРОНИИ РАЁСАТИ ҲХДТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ БАЪЗЕ КУМИТАҲО

Сентябрь 22, 2010 15:58

Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини аввали раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Сафар сафаров ҷаласаи Раёсати кумитаи иҷроияи ҳизб баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими ҳизб муҳокима ва баррасӣ гардид. Нахуст, 18 нафарон шахсони ба вазифаҳои раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо таъиншуда муаррифӣ ва аз ҷониби аъзои Раёсати кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ҷонибдорӣ шуданд.  Аъзоёни Раёсат фаъолияти ҳаштмоҳаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғдро баррасӣ намуда, нисбат ба фаъолияти баъзе кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳои вилоят изҳори нигаронӣ карданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар якчанд кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд камбудиҳои ҷиддӣ, аз қабили бехабарӣ аз марги бармаҳали аъзоёни ҳизб, ки то ҳол номашон барӯйхати аъзоёни ҳизб мавҷуд аст, саривақт ва пурра ҷамъоварӣ нашудани аъзоҳаққӣ, дуруст ба роҳ намондани ҳисоботҳои молиявӣ, ҷалб нанамудани ҷавонону занон ба сафи ҳизм ва амсоли инҳо, ки ба коста шудани нақш ва нуфузи ҳизб мусоидат мекунанд, ба назар мерасанд. Инчунин, дар ҷаласаи мазкур аъзоёни Раёсати кумитаи иҷроияи ҲХДТ якчанд лоиҳаҳои қарорҳо ва фармоишҳои роҳбарияти ҳизбро баррасӣ намуда, қарори ин маҷлисро қабул намуданд.    

Сентябрь 22, 2010 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад