НУҚТАҲОИ ПАЁМ АМАЛӢ МЕГАРДАНД

Сентябрь 17, 2010 11:05

          Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Ба гуфти сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Саидмухтор Ҷалолов, дар  ибтидои соли таҳсили ҷорӣ ба мактабҳои вилоят 237 адад компютер ворид карда шуда, миқдори мактабҳои таҳсилоти умумии вилоят, ки ба шабакаи умумиҷаҳонии интернет пайвастанд, аз 20 адад ба 42 расидааст.             Дар назар аст, ки  то охири соли таҳсил шумораи мактабҳои   ба шабакаи умумиҷаҳонии интернет пайвастшаванда боз 36 адад зиёд  мешавад.             Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълим Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо, аз хонаҳои шахсӣ, вагонҳо ва биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ баровардани мактабҳо босуръат давом дорад. Аллакай аз 14 мактаби вилоят, ки як қисми синфхонаҳои онҳо дар хонаҳои шахсӣ ва биноҳои маъмурӣ ҷойгир буданд дар 13 –тои он шароити зарурии таълиму тарбия фароҳам сохта шудааст.             Айни замон сохтмони 508 толору 77 майдончаи варзишӣ дар мактабҳои вилоят ба нақша гирифта шудааст, ки ин  аз амалӣ гардидани  Паёми Сарвари давлат дар бораи рушди соҳаи маориф ба Маҷлисӣ Олӣ  дарак медиҳад.             Боис ба ёдоварист, ки дар соли 2009 барои соҳаи маорифи вилоят  аз ҳисоби буҷа 170 млн. 951 ҳазор сомонӣ сарф карда шудааст.

Сентябрь 17, 2010 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад