ОБЁРИИ 4 ҲАЗОР ГА ЗАМИНИ ТАШНАЛАБ
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати кишоварзӣ вохӯрии вазир Қосим Қосимов бо директори ташкилоти ҷамъиятии «Об барои ҳаёт» ҷаноби Ҷефри Диллон ва мутахассиси байналмилалӣ Ҷон Кук доир гардид,- иброз доштанд аз маркази матбуот ва иттилооти вазорат ба мухбири АМИТ «Ховар». Мақсад аз ин вохӯрӣ муҳокимаи лоиҳаи «Озмоиши интиқолии обёрикунии Зафаробод», ки дар он устуворсозии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби минтақаи Зафаробод, азнавсозии пойгоҳҳои обкашӣ, барқарории низоми обёрӣ ва интиқоли он ба 4 ҳазор гектар заминҳои обёришаванда пешбинӣ шудааст, мебошад. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, маблағи умумии лоиҳа 4,6 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Бино ба гуфти вазир, айни замон бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ дар ҶТ аз рӯи 4 лоиҳа дар соҳаи кишоварзӣ корҳо идома доранд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






