ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН

Сентябрь 3, 2010 15:33

              Бадахшон, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).-Моҳи апрели соли 2010 Ќарори Ҳукумати  Ҷумҳурӣ «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти љумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳ ва зимистони  солҳои  2010 -2011 ба тасвиб расид . Ба хотири иҷрои ин қарор бо  сардори  Раёсати   иқтисод ва савдои ВМКБ Латиф Шоҳзодаев  ҳамсўҳбат шудем.           Аксарияти идораву муассисањои  вилоят  ба зимистони соли ҷорӣ хуб омодаанд,-гуфт Латиф Шоҳзодаев.  Барои ташкилоту  муассисаҳои  буҷетии   маҳаллӣ  барои   харидани ангиштсангу ҳезум 71 89, ҳазор сомонӣ  маблаѓ пешбинї  шудааст , ки ин нисбат ба соли 2009 48 ҳазор сомонӣ зиёдтар аст. Дар муассисаҳои томактабӣ ва интернатҳои наздимактабӣ  4 тонна орд, 3 тонна равған, 3,6 тонна биринҷ, 500 кг шири хушк , 1300кг марҷумак ва  дигар мањсулот  захира карда шудааст. Дар муассисаҳои тандурустӣ 130 тонна ангиштсанг,  280 метри мукааб ҳезум  захира  шудааст . Дар НБО-и «Помир-1» се дастгоҳ  пурра фаъолият  мекунанд. Дастгоҳҳои НБО-и Оқсу, Сипонҷ  ва Шуҷанд дар ҳолати хуби  корӣ қарор доранд. НБО-и Савноб ва Намадгут аз таъмири асосӣ бароварда шудаанд. Ҷамъияти  матлуботи вилоят 15 тонна пиёз, 40т тонна орд, 17 тонна биринҷ, 6 тонна равғани растанӣ, 8 тонна шакарро    вориди мағозаҳо   гардонид.   Тањрири Н. Ќодирова                   

Сентябрь 3, 2010 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад