ОВОЗАИ ТАРКИШИ ДУЮМ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БЕАСОС АСТ
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Овозаи дуюм, ки гӯё дар мактаби таҳсилоти умумии № 13 вилояти Суғд таркиш ба амал омадааст, беасос буда, онро ягон манбаи расмӣ тасдиқ накардааст. Тавре аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, айни ҳол танҳо як таркиш ба қайд гирифта шудааст, ки он субҳи имрӯз дар бинои Шӯъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи назди Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба амал омад. Бар асари он 25 нафар корманди шӯъба ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ гирифтанд. Манбаъ ҳамчунин, зикр намуд, ки маълумоти саҳеҳ дар бораи таркиш ба хабарнигорони ВАО зимни нишасти матбуотие, ки баъд аз зӯҳри имрӯз баргузор мегардад, дода мешавад. Тарҷумаи М. Анварӣ








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






