ОВОЗАИ ТАРКИШИ ДУЮМ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БЕАСОС АСТ

Сентябрь 3, 2010 15:15

Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Овозаи дуюм, ки гӯё дар мактаби таҳсилоти умумии № 13 вилояти Суғд таркиш ба амал омадааст, беасос буда, онро ягон манбаи расмӣ тасдиқ накардааст.  Тавре аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, айни ҳол танҳо як таркиш ба қайд гирифта шудааст, ки он субҳи имрӯз дар бинои Шӯъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи назди Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба амал омад. Бар асари он 25 нафар корманди шӯъба ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ гирифтанд.    Манбаъ ҳамчунин, зикр намуд, ки маълумоти саҳеҳ дар бораи таркиш ба хабарнигорони ВАО  зимни нишасти матбуотие, ки баъд аз зӯҳри имрӯз баргузор мегардад,  дода мешавад.                                                                                    Тарҷумаи М. Анварӣ

Сентябрь 3, 2010 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид