«ОЗОДИИ ШАХС ВА НИГАҲДОРИИ ҚОНУНӢ ДАР ҲАБС»

Сентябрь 21, 2010 17:02

Душанбе, 21 сентября. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова). -Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизов Зафар Нусратович дар мизи мудаввар, ки 21 сентябр баргузор гардид,  зикр намуд, ки қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Кодекси мурофиавии ҷиноят, ки аз 1 апрели соли ҷорӣ мавриди амал қарор гирифтааст, маҳсули Барномаи ислоҳоти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар кори ҷаласа судяҳо, намояндагони мақомоти прокуратура ва адвокатҳо дар мавзӯъҳои «Татбиқи чораҳои пешгирӣ», «Проблемаҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо», «Проблемаҳои татбиқи қонунгузории мурофиавӣ дар амалия ва таҳлили муқоисавии онҳо бо дигар қонунҳои моддӣ», «Мукаммалсозии Кодекси мурофиавии ҷиноят ҳангоми пешбурди тафтишоти пешакӣ ва баррасии судии парвандаҳои ҷиноятӣ», «Кафолати таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба ҳимоя дар мутобиқат бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва Кодекси нави мурофиавии ҷиноят», «Адвокат ҳамчун иштирокчии баробарҳуқуқи мурофиавӣ тибқи Кодекси мурофиавии ҷиноят ва меъёрҳои байналмилалӣ» баромад намуданд.             Коршиносони байналмилалӣ аз Комиссияи Венетсиягӣ, аз ҷумла аз Руминия, Италия дар кори ҷаласа ширкат варзида, оид ба масъалаҳои "Принсипи баробарии тарафҳо дар доираи ҳуқуқҳои конститутсионӣ дар муҳокимаи судии адолатнок", "Адолат дар пешбурди судии ҷиноят Назари Аврупо ", "Озодии шахс ва нигаҳдории қонунӣ дар ҳабс" маърӯза намуданд.          Пагоҳ мизи мудаввар кори худро идома медиҳад.  

Сентябрь 21, 2010 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад