ПАЙВАНДҲОИ ҶАШНИ 20 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Сентябрь 22, 2010 08:14

         Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Хоҷагии ҷангали Суғд 79 – сола шуд. Ҷангалпарварони вилоят ба муносибати иди касбии худ дар асоси «Барномаи рушди хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006 — 2015»  дар майдони 270 гектар ҷангалзори нав бунёд намуда, майдони 1753 гектар ҷангалзорҳои пешинаро хуб нигоҳубин намуданд,- иттилоъ доданд аз Хоҷагии ҷангал ва шикори вилоят ба мухбири АМИТ «Ховар».             Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, ҷангалпарварон ба муносибати 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳанда аз қабили: себ, нок, гелос, зардолу, чормағз, шафтолую анҷир ва ғайра, ки 20 номгӯйро ташкил медиҳанд, пайванд карданд.             Дар баробари ин, ҷангалпарварон   арчазору туғайзорҳоро      аз қонуншиканҳои экологӣ ҳифз намуданд.             Ҷангалпароварон ҳамчунин парвариши арчаи зарафшониро хуб ба роҳ монда, ҳамасола то 100 – 101 ҳазор бех кӯчати онро   парвариш ва ба фурӯш мебароранд.

Сентябрь 22, 2010 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад