ПОСИ ХОТИРИ ШОИСТА МУЛЛОҶОНОВА

Сентябрь 16, 2010 11:52

       Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Дар шаҳри Вена- пойтахти Австрия маҳфили ёди Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, лауреати Мукофоти давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Шоиста Муллоҷонова баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Австрия, Ҷамъияти яҳудиёни бухороӣ ва намояндагони диаспораҳои тоҷик ҷараён гирифт.       Сафири Тоҷикистон дар Австрия Нуриддин Шамсов дар рафти чорабинӣ ба аҳли оилаи марҳум ҳамдардии амиқ баён кард. Намояндаи яҳудиёни бухороӣ ҳангоми суханрониаш ба Ҳукумати Тоҷикистон барои  қадр намудани хизматҳои Шоиста Муллоҷонова арзи сипос намуд. Баъд дар бораи  ҳаёти Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон филми ҳуҷҷатии 60-дақиқаина намоиш дода шуд.       Ёдовар мешавем,ки Шоиста Муллоҷонова  26 июни соли 2010 дар синни 84 — солагӣ дар  Ню – Йорк  аз олам гузашта буд ва дар қабристони шаҳрии маҳаллаи Лонг – Аймнди Ню – Йорк дафн шудааст.  

Сентябрь 16, 2010 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад