ПРОФЕССОР АСАДУЛЛО САЪДУЛЛОЕВ 70-СОЛА ШУД

Сентябрь 22, 2010 16:49

Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Имрӯз, 22 сентябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфронси илмӣ бахшида ба 70-умин солгарди доктори илми филология, профессор Асадулло Саъдуллоев баргузор гардид.  Дар он олимону муҳаққикон, устодони макотиби олии кишвар ва дӯстону шогирдони профессор иштирок ва доир ба паҳлӯҳои эҷодиёти А. Саъдуллоев сухан намуданд.  Яке аз шогирдони устод, дотсент Сангин Гулов дар бораи ҳаёт ва фаъолияти А. Саъдуллоев гузориш дода, қайд намуд, ки  профессор Асадулло Саъдуллоев тамоми фаъолияти илмии хешро сарфи омӯзишу пажуҳиши сухан, яъне журналистикаву публицистика кардааст. Устод журналистикаро чун донишҷӯ омухтаанд, чун қаламкаш бо ВАО беш аз 50- сол ҳамкорӣ доранд, журналистикаву публисистикаро таҳқиқ кардаву дар ин замина рисолаҳои номзадиву докторӣ навишта соҳибунвон гаштаанд, журналистикаро ба шогирдон дар ибтидо чун дотсенту имрӯз чун профессори журналистика таълим медиҳанд. Ҳанӯз устод Мирзо Турсунзода дар қайди ҳаёт буданд, ки муҳаққиқ  Асадулло Саъдуллоев таҳти роҳбарии узви вобастаи АУ ҶТ Соҳиб Табаров ба тахқиқи публитсистикаи ин шахсияти номи ҷаҳонӣ дошта оғоз кардаанд. Он замон кам касон боварӣ доштанд, ки муҳаққиқ Асадулло Саъдуллоев дар ин самт комёб мешуда бошанд. Устод на танҳо дар ин самт тавфиқ ёфт, балки равияи оғозкардаи хешро ба мактаби қавии таҳқиқи публисистика ва насри мустанад табдил дод. Маврид ба зикр аст, ки ба қалами устод Асадулло Саъдуллоев беш аз 40 асари илмиву таълимӣ, методиву бадеӣ тааллуқ дорад. Дар маҷмӯъ устод муаллифи беш аз 1000 маводи публитсистӣ мебошанд. Ҳангоми фаъолит дар матбуот Асадулло Саъдуллоев роҷеъ ба рӯзгор ва осори адибони машҳур СадридднАйни, Абулқосим Лоҳутӣ, Расул Ғамзатов, Николай Тихонов, Константин Симонов, Ғафур Ғулом ва дигарон тахқиқот анҷом додаву шахсият ва моҳияти осорашонро барои хонандаи тоҷик аз саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо бозгӯй кардаанд.  

Сентябрь 22, 2010 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад