РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР МУАЙЯН ШУД

Сентябрь 6, 2010 11:31

         Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Иди саиди Фитр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дар дигар кишварҳои мусулмонӣ мувофиқи ҳисоби тақвимӣ 10 сентябри соли 2010 ҷашн гирифта мешавад. Дар  ин хусус ба АМИТ «Ховар» мудири шӯъбаи фатвои Шӯрои уламои ҷумҳурӣ Қобилҷон Боев иттилоъ дод. Мавсуф зикр кард, ки қарори марбутаи таҷлили Иди саиди Фитр дар рӯзи 10 сентябр дар  ҷаласаи васеи Шӯрои уламои кишвар, ки бо ҳузури  намояндаи дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, кормандони Кумита оид ба корҳои дин,   сархатибони вилоятҳои Суғду Хатлон, имомхатибони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор шуд, тасдиқ гардид. Яъне,  бо Қарори Шӯрои уламои ҷумҳурӣ 10 сентябр соати 8-субҳ дар тамоми масҷидҳои ҷомеаи кишвар намози иди саиди Фитр хонда мешавад.           Ба бар намудани пироҳани наву зебо, шоду хурсанд будан, ҳадя кардан ва хабар гирифтан аз аҳволи беморону барҷомондагон,  камбизоатону ятимон, зиёрати оромгоҳи гузаштагон,  яке аз фазилатҳои  неки ин иди муборак  ва кори хайру савоб аст.         Мудири шӯъбаи фатвои Маркази исломии Тоҷикистон афзуд,  шахсе, ки дар моҳи шарифи Рамазон рӯза доштааст,  бояд садақаи фитрро адо намояд, то рӯзаи ӯ ба даргоҳи Худованд қабул гардад. Шахсоне ки 15000 сомонӣ доранд,  бояд 325 сомонӣ закот супоранд. Садақаи фитр дар моҳи Рамазон ба ҳар сари як нафар аъзои оила ба арзиши  1кг 600 грамм гандум муайян шудааст, ки он ба 2 сомонӣ баробар аст.

Сентябрь 6, 2010 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад