РӮЗИ МОҲӢ ФАРО МЕРАСАД
Душанбе, 30 сентябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Хоҷагиҳои моҳипарвар сол то сол маҳсулоти бештареро ба даст меоранд. Дар моҳҳои январ – августи соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ ба 1,8 млн. сомонӣ расонида шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 38,4 фоиз зиёд мебошад. Ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бо зиёд кардани моҳӣ дар хоҷагиҳои моҳипарварии шаҳру навоҳии кишвар рӯзи моҳӣ аз нав эҳё хоҳад шуд. Дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ то 1 –уми сентябри соли соли 2010 128,8 тонна моҳӣ сайд карда шудааст. Аз ҷумла дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Хатлон 71,2 тонна, вилояти Суғд – 48 ва дар шаҳри Ваҳдат 6,6 тонна моҳӣ истеҳсол карда шудааст. Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ 38,6 фоизашро моҳии намуди пешонағафси сафед (толстолобик), 17,6 фоиз зағорамоҳӣ ва 43,8 фоизро дигар намудҳои моҳӣ ташкил додаанд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






