«РУСТАМ ВА СӮҲРОБ» — ЛАУРЕАТИ ҶАШНВОРА
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Аз 11 то 18-уми сентябри соли равон дар шаҳри Брести Ҷумҳурии Белоруссия Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Белая вежа» баргузор гардид, ки дар он Театри давлатии русии ба номи В. Маяковский бо яке аз беҳтарин намоишномаҳои худ «Рустам ва Сӯҳроб»-и В. Жуковский, ки аз рӯи «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ гирифта шудааст, иштирок намуд. Ҳамчунин, дар ин фестивал театрҳои 21 давлати дунё бо намоишномаҳои худ ширкат варзиданд. Аз ҷумла, Британияи Кабир, Русия, Украина, Белоруссия, Эрон, Ҳиндустон ва ғайраҳо. Дар қатори 5 спектакли беҳтарини ҷашнвора аз тарафи ҳакамон намоишномаи театри Маяковский низ беҳтарин дониста шуда, бо унвони лауреати Фестивал ва ҷоиза барои иҷрои беҳтарин асари классикаи ҷаҳонӣ сарфароз гардид. Ҳайати ҳакамон, ҳамчунин, ба ҳунари ҳунарпешагони театри мазкур — Фирӯза Раҳмонова, Мавлонбибӣ Наҷмуддинова, Дмитрий Музинов ва Хуршед Мустафоев баҳои баланд доданд. Дар умум, 15 нафар ҳунарпешагони театр дар ин намоишнома нақш офаридаанд. Бояд гуфт, Фестивали мазкур ҳамасола чун анъана дар Ҷумҳурии Белоруссия мегузарад, ки дар он беҳтарин театрҳои ҷаҳон бо даъвати мутасаддиёни фестивал иштирок мекунанд. Лозим ба ёдоварист, ки Театри давлатии русии ба номи В. Маяковский дар ин фестивал бори сеюм аст ширкат меварзад ва маротибаи дуюм сазовори ҷоизаи баланд гардид. Соли 2009 театри номбурда бо асари «Нидо»-и Б. Абдураззоқов сазовори унвони лауреат ва ҷоизаи беҳтарин ансамбли актёрӣ дар саҳна гардида буд. Ҳамчунин, театр аз 30-юми сентябр то 10-уми октябри соли ҷорӣ бо даъвати Итифоқи ходимони театри Федератсия Русия ба шаҳрҳои Брянск ва Орёл сафари ҳунарӣ дорад. Дар ин сафар ҳунармандони театр бо чор намоишномаи худ, аз ҷумла «Се хоҳарон»-и А.Чехов, «Рустам ва Сӯҳроб»-и В. Жуковский, «Ишқи аввали Насриддин»-и Т. Зулфиқоров ва афсонаи шарқии «Алибобо ва роҳзанҳо» баромад мекунанд. Ба ҳайати умумии театр, ки ба сафари ҳунарӣ мебарояд, 30 нафар ҳунармандон шомиланд.