СӮҲБАТИ ФИОНА О’МЭЛЛИ БО ХАБАРНИГОРОН

Сентябрь 16, 2010 12:01

    Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Нимаи дуюми имрӯз нишасти матбуотӣ бо иштироки сенатори Ирландия, хонуми  Фиона О’Мэлли оид ба сафар ва фаъолияти кӯтоҳи худ дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст, дар маркази ҷумҳуриявии «Иттилоот ва муошират» баргузор мегардад.    Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд, бо мақсади баланд бардоштани имкониятҳои васеи Ҷумхурии Тоҷикистон дар соҳаи туризм ва мусоидат намудан ба рушди иқтисодиёти мамлакат, созмони “Volunteer Service Overseas” сенатори Ирландия, хонуми  Фиона О’Мэллиро бо фаъолияти кӯтоҳи волонтёрӣ барои омӯхтан ва баланд бардоштани ихтисоси худ ба  Тоҷикистон бо ташрифи сайёҳони хориҷа даъват намуд. «Ӯ махсусан, барои баланд бардоштани фаъолияти мавҷудаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Ҳукумати ноҳияи Панҷакент ва шарикони ӯ кор кард», — гуфт манбаъ.

Сентябрь 16, 2010 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад