СӮИСТИФОДА АЗ ВАЗИФАИ ХИЗМАТӢ

Сентябрь 7, 2010 11:50

Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Прокурори ноҳияи Ҷ. Румии вилояти Хатлон нисбат ба собиқ меъмори ноҳия Ёрмуҳаммад Абдуллоев   парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ёрдамчии прокурори ноҳияи Румӣ Ҷаҳонгир Ҳоҷибоев хабар дод, Ёрмуҳаммад Абдуллоев дар вазифаи мудири шӯъбаи сохтмон ва меъмории ноҳияи мазкур аз соли 2008 то апрели 2010  фаъолият намуда, бо истифода аз вазифаи  хизматӣ барои сохтмони мағоза дар шаҳраки ба номи С. Исоев дар майдони 12 метри мураббаъ ғайриқонунӣ  иҷозат додааст. Қитъаи замини мазкур  дар асоси аризаи сокини ноҳия Г. Абдураҳмонова  ҷудо гардид. Тибқи гуфтаҳои Ҷаҳонгир Ҳоҷибоев, ин  амалҳои Ёрмуҳаммад Абдуллоев ба талаботи шаҳрсозӣ ва меъморӣ муқобиланд. Бо ин амалҳои худ Ёрмуҳаммад Абдуллоев ба Г. Абдураҳмонова дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ зарар расонид. Ҳамчунин, бо ин амалҳои худ Ёрмуҳаммад Абдуллоев ба сокини дигари ноҳия барои дар ҳудуди боғи фарҳанг ва фароғатӣ кушодани мағозаи фурӯши нӯшокиҳо иҷозати ғайриқонунӣ дод. «Ҳудуди боғи фарҳанг ва фароғат дараҷаи дахлнопазирӣ дошта, бояд ҳамчун ҷойи истироҳатӣ истифода шавад. Ин амалҳои Ё. Абдуллоев ҳамчунин, ба талаботи шаҳрсозӣ ва меъморӣ муқобиланд», — зикр намуд Ҳоҷибоев. Прокуратураи ноҳияи Румӣ нисбат ба Ё. Абдуллоев аз рӯи моддаҳои 314 қ. 1 ва 322. қ.1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.

Сентябрь 7, 2010 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид