САРМОЯГУЗОРИИ ХОРИҶӢ АФЗОИШ МЕЁБАД

Сентябрь 24, 2010 09:33

Душанбе, 24 сентябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти муовини аввали Раиси  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Амонҷон Эшонқулов, Кумита бо мақсади идораи амволи давлатӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ ва истифодаи самараноки он дар давоми 8 моҳи соли 2010 беш аз 20 музояда ва 2 тендери сармоягузорӣ баргузор намуд.    Ба иттилои ҳамин манбаъ, Кумита дар 24 музояда 24 иншооти ғайриманқул ва зиёда аз 20 воситаи нақлиётро ба фурӯш баровард. Маблағи солонаи аз фурӯш ба даст овардашуда 4 млн. 73 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли 2009 ба миқдори 1 млн. 93 ҳазор сомонӣ зиёд аст.    Дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ  ба андозаи  1 млрд. 90 млн.сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  ба микдори 90 млн. сомонӣ зиёд аст.

Сентябрь 24, 2010 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад